НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Душанбе ба миқдори зарурӣ маҳсулоти ниёзи аввалия захира шудааст

Февраль 16, 2024 15:19

ДУШАНБЕ, 16.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 ҳазор тонна орд, 6,5 ҳазор тонна гандум, 5 ҳазор тонна картошка, 7 ҳазор тонна пиёз, ҳазор тонна сабзӣ, 2 ҳазор тонна шакар, 523 тонна равғани растанӣ ва 176 тонна биринҷ барои давраи тирамоҳу зимистон захира шудааст, ки нисбат ба нақша зиёд мебошад. Дар ин хусус имрўз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти мазкур гуфта шуд, ки дар соли 2023 ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.

«Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 27 феврали соли 2023, №75 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2023» корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт дар арафаи идҳои миллию давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмӯъ дар ин давра зиёда аз 2,6 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалияро бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинони пойтахт гардониданд»,-гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин ярмаркаҳо дар соли 2023 ба коҳиш ёфтани нархи бисёре аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мусоидат намуд. Дар ин ярмаркаҳо нархи маҳсулоти хўрока, аз ҷумла 1 кг шакар 11 сомонӣ, 1 кг биринҷ 11 сомонӣ, 5 литр равған 70 сомонӣ, 1 кг гӯшт 65 сомонӣ, 1 кг пиёз 3 сомонӣ, 1 кг картошка аз 4 сомониву 80 дирам то 5 сомониву 20 дирам ва 50 кг орди навъи якум 260 сомониро ташкил медод.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2024 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад