НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар вилояти Хатлон сатҳи ҷинояткорӣ 7 фоиз кам гардидааст

Февраль 6, 2024 13:34

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар вилояти Хатлон сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфта, дар ин давра 5903 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 443 ҷиноят ё 7 фоиз кам гардидааст. Дар ин хусус  прокурори вилояти Хатлон Авазҷон Назарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки соли сипаришуда 150 ҳолати даст задан ба ҷиноят аз ҷониби ҷавонон сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2022  56 ҷиноят кам мебошад.

Ба гуфтаи прокурори вилоят, соли сипаригардида ба мақомоти  прокуратураи вилояти Хатлон 8853 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, 430 қарори раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бекор шудаст, ки бештари он ба масъалаи замин вобастагӣ дорад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бар зидди 813 нафар падару модар ва омӯзгор барои риоя накардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, 412 омӯзгор ва ё шахсони масъули муассисаҳои таълимӣ  ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Нисбат ба 76 нафар падару модари дигар барои монеъ шудан ба таҳсили ҳатмии мактабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Таъкид гардид, ки соли 2023 нисбат ба 200 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои рӯйпӯш сохтани ҷиноятҳо ҳангоми бурдани тафтиш ҷазои интизомӣ татбиқ шудааст.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

Февраль 6, 2024 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид