НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кормандони Хадамоти иҷро соли 2023 беш аз 40 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқиро баррасӣ намуданд

Февраль 7, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2023 кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳазору 655 мавод ва  арзу  муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқиро вобаста ба  таъмини иҷрои  санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз ин шумора 38 ҳазору 55 ададашро санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ  ва  шахсони  мансабдор  ташкил медиҳанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода иттилоъ дод.

Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии  31 ҳазору 741 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 113 млн сомонӣ,  480 ҳазор доллари ИМА, 13 млн 300 ҳазор рубли Ҷумҳурии Беларус, 114 ҳазору 300 тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон ва 896 рубли Федератсияи Русия таъмин гардид. Аз ин шумора ба манфиати давлат 19 ҳазору 322 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида,  маблағи 56 млн сомонӣ ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 млн 300 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки ба манфиати шахсони ҳуқуқии давлатӣ ва ғайридавлатӣ 558 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи умумии 45 млн 100 ҳазор сомонӣ, 186 ҳазор доллари ИМА, 13 млн 300 ҳазор рубли Ҷумҳурии Белорус, 114 ҳазору 300 тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон  ва 896 рубли Федератсияи Русия рӯёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2022  ду миллиону 200 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад. Ба манфиати шахсони воқеӣ 278 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 11 млн 300 ҳазор сомонӣ ва  289 ҳазор доллари ИМА ситонида шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 як миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2023 ба Хадамот 10 ҳазору 912 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз солҳои пешин дар маҷмуъ 102 141 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 33 млн 300 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.

Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 398 қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардид. Нисбат ба 568 қарздор барои сари  вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро бо қабули қарорҳои дахлдор кофтуков эълон шудааст.

Дар шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот барои напардохтани маблағҳои қарзӣ 1573 шахси воқеӣ ва 54 шахси ҳуқуқӣ ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид шудаанд. Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 4 378 нафар қарздор маҳдудият гузошта шудааст. Ин амал натиҷаҳои мусбат дода,  1 809 нафар қарздорон сарҳадҳои мамлакатро убур карда натавониста, маблағҳои бо ҳуҷҷатҳои иҷро таъйингардидаро дар ҳаҷми 17 млн 900 ҳазор сомонӣ пардохт намуданд, ки назар ба соли 2022 ба маблағи  11 млн 700 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Тавре дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кормандони Хадамоти иҷро байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва мавзуъҳои  ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд беш аз ду ҳазору дусад маротиба вохӯрӣ, суҳбату маърузаҳо намуда, дар воситаҳои ахбори омма мақолаҳо ба чоп расониданд.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар ҳамин замина саркашӣ накардани онҳо аз пардохти алимент, оид ба ворид намудани қарздорон ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таблиғотӣ таҳия гардида, дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуданд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.

Хадамот дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият менамояд. Ҳамчунин Хадамоти иҷро бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.

А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар» 

Февраль 7, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласа баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Ванҷ, Душанбе-Лахш ва Душанбе-Рашт парвозҳоро амалӣ мегардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 153 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Дар Душанбе оид ба интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи хизматчиёни давлатӣ ба беш аз 18 ҳазор нафар расид
ТАРҒИБИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Аз имзои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» 12 сол сипарӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 56 корхонаи тобеи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ системаи биллингӣ ҷорӣ гардид
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Бахшида ба он «Телевизиони Сафина» озмуни «Беҳтарин филми мустанад» доир намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон кай ба тасвиб мерасад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 6 корманди телевизион ва радио дар Туркия такмили ихтисос намуд
Дар Душанбе «Маҳфили ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд» баргузор гардид
ШАҲОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУД. Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад