НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон 21 млрд 656 миллион кВт-соатро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 21 млрд 656 миллион кВт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 453 миллион кВт-соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар ҳаҷми 102,1 фоиз таъмин шудааст. Истеҳсоли неруи барқ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба 16 млрд 479 миллион кВт-соат баробар шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин давра талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» 74,7 млн кВт-соат ё ин ки 0,45%-и барқи истеҳсолшударо ташкил дод. Ин матлаб дар нишасти матбуотии якҷояи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ки имрӯз баргузор гардид, баён гардид.
Ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи «Барқи Тоҷик» бо мақсади беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат бо неруи барқ давоми соли 2023 дар ҳаҷми 5 млрд 133,9 млн кВт-соат неруи барқ харид намудааст, ки нисбат ба соли 2022 ҳаҷми хариди неруи барқ 264,3 млн кВт-соат зиёд мебошад. Хариди неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 2 млрд 599,4 млн кВт-соат, аз НБО-и «Сангтӯда-2» дар ҳаҷми 906,1 млн кВт-соат ва аз НБО-и «Роғун» дар ҳаҷми 1 млрд 628,4 млн кВт-соат харид шудааст.
Маблағи неруи барқи харидашуда дар давраи ҳисоботӣ 1 млрд 887,8 млн сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 дар ҳаҷми 112,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Содироти неруи барқ ба хориҷи мамлакат нисбат ба соли 2022 124,2 млн кВт-соат зиёд гардида, дар маҷмуъ ба 2 млрд 677 млн кВт- соат баробар шуд.
Соли 2023 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар дохили ҷумҳурӣ 18 млрд 663,7 млн кВт-соат неруи барқ ба фурӯш баровардааст. Аз ҷумла, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» 774,6 млн кВт-соат ва ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» 17 млрд 889 млн кВт-соат интиқол дода шудааст.
Бо мақсади таъмин намудани ҳолати кории иқтидори мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҷамъият сохтмон ва корҳои таъмирию барқарорсозӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 57,1 млн сомонӣ иҷро гардиданд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






