НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 ба соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон 661 миллион доллар маблағи грантӣ ҷалб шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҳайси ҳамраиси қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ ва ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар маҷмуъ 661 млн доллар маблағҳои грантӣ соли 2023 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷалб шуд, ки он ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона гардидааст. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Завқӣ Завқизода, инчунин ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъсис шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12 фоиз, кишоварзӣ 9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5 фоиз, боркашонӣ 16,6 фоиз, гардиши савдо 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 14,1 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,8 фоиз ба амал омад.
Завқӣ Завқизода таъкид намуд, ки сатҳи таваррум соли 2023 3,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 (4,2 фоиз) 0,4 банди фоизӣ кам аст. Таваррум дар ин давра аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 3,4 фоиз, молҳои ғайриозуқаворӣ 6,6 фоиз ва хизматрасонӣ 1,2 фоиз ташаккул ёфтааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд






