НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 беш аз 10 000 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф шуд

Февраль 8, 2024 15:31

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Самти асосии фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати истифодаи мақсадноки замин буда, соли 2023  13 ҳазору 447 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид. Барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 11 ҳазору 389 қарор қабул гардида, дар натиҷаи амалӣ шудани чораҳои мушаххас 10080 ё 75 фоизи ҳолати қонунвайронкунӣ бартараф шуда, 901 мавод барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратура ирсол гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода иттилоъ дод.

Номбурда дар масъалаи  даст ба ҷиноят задани кормандон иброз дошт, ки  тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ соли 2023 нисбат ба 87 нафар, аз ҷумла 6 хизматчии давлатӣ барои содир намудани беш аз 170 ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд, ки қариб ҳамаи онҳо аз вазифаи ишғолнамудаашон озод гардиданд. Аз ҷиноятҳои соли 2023 ошкоршуда 38 адади он соли 2023, 21 адад соли 2022, 10 адад соли 2021, 16 адад соли 2020 ва 88 адад аз соли 2007 то 2019 содир шудаанд.

«Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятсодиркунӣ корҳои муайянро ба сомон мерасонад. Давоми солҳои 2020-2023 127 корманди Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», аз ҷумла 6 директор, 9 муовини директор, 10 бақайдгиранда ва 102 мутахассис, инчунин 15 раиси кумитаи идораи замин, 11 муовини раис ва 23 сармутахассису мутахассис аз вазифаи ишғолнамуда озод гардиданд»,-илова кард Ориф Хоҷазода.

Мавсуф афзуд, ки ҳарчанд дар ин самти фаъолият тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд ва роҳбарияти Кумитаи давлатӣ мунтазам масъалаи пешгирии даст ба ҷиноят задани кормандонро дар ҷаласаҳои машваратӣ ва ҳайати мушовара мавриди баррасӣ қарор медиҳад, вале далелҳои даст ба ҷиноят задани кормандон то ҳанӯз  мавҷуд мебошанд. Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта корбарӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ минбаъд низ идома меёбад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2024 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид