НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 зиёда аз 11 миллион сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он дар якчанд субъекти хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронида шуда, қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 11,3 млн сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Хадамоти зиддиинҳисорӣ мониторинги 20 номгӯй мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохили ҷумҳурӣ гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Аксаран ин номгӯй ё ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи мамлакат ворид мешавад, ки ба болоравии нархи он дар бозори ҷумҳурӣ оварда мерасонад»,-афзуд Сафаралӣ Қурбонзода.
Иброз гардид, ки соли 2023 бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва амалӣ намудани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз субъектҳо, аз ҷумла истеҳсоли семент, маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ ва ба мувофиқа расонида шудааст.
Инчунин бо мақсади дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ва дастрас будани хизматрасонии таълимӣ ва тиббӣ Хадамоти зиддиинҳисорӣ фармоишҳои дахлдор ба тасвиб расонид. Тибқи онҳо, нархномаҳои хизматрасонии пулакии муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ барои солҳои 2023 ва 2024, ба истиснои муассисаҳои тиббии навтаъсис ва хизматрасонии пулакие, ки нав ҷорӣ мешаванд, дар сатҳи амалкунанда, яъне бе тағйир монда шуданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






