НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То охири соли 2024 ширкатҳои ватанӣ маҳсулоташонро бо бастабандии нав пешниҳод менамоянд
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иштироки корхонаву ширкатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ сол то сол зиёд гардида, то охири соли 2024 ширкатҳои асосии содироткунандаи мо дар нақша доранд, ки маҳсулоташонро дар шаклу намуди нав пешниҳод намоянд. Дар ин хусус Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки масъалаи муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ берун аз мамлакат яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими фаъолияти Палата ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ ба ин масъала диққати махсус дода шуд.
Изҳор гардид, ки сифати маҳсулоте, ки ширкатҳои ватанӣ пешниҳод менамоянд, хуб аст, аммо ҳоло ҳам корхонаҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати шакли пешниҳод ва басту банд намуди зоҳирии маҳсулот ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. «Баъд аз суҳбату вохӯриҳо ва гузаронидани машғулият бо соҳибкороне, ки маҳсулоташон барои дар баробари таъмини бозори дохилӣ инчунин ба содирот нигаронида шудааст, аллакай дар ин самт беҳбудӣ дида мешавад. Имрӯзҳо дар марказҳои тиҷоратӣ дида мешавад, ки шакли пешниҳоди маҳсулот ба таври замонавӣ ва услуби нав амалӣ шудааст»,-афзуд раиси Палатаи савдо ва саноат.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба узвияти Палата корхонаю ташкилоти нав ҷалб шуда, шумораи умумии аъзои он ба ҳолати 1 январи соли 2024 ба 959 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 адад зиёд мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






