ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили тими Урдун бо либосҳои сафед бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Урдун бо либосҳои сафед бозӣ менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа бо иштироки намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё, кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 ва намояндагони дастаҳои Тоҷикистон ва Урдун ҷаласаи анъанавии ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мизбони номиналии вохӯрӣ ба ҳисоб меравад, бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд. Дастаи мунтахаби Урдун бо либоси сурх рақобат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои Тоҷикистон ва Урдун 2 феврал дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа доир шуда, соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






