Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ “Ховар”/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун, ки дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо ҳам рақобат мекунанд, иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун 2 феврал дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа доир шуда, соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мизбони номиналии вохӯрӣ ба ҳисоб меравад, бо либосҳои сафед ва тими миллии Урдун бо либосҳои сурх ба майдон мебароянд.
Бояд гуфт, ки баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармоиши муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд. Илова бар ин, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пас аз пирӯзии тими миллии мамлакат дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи зарбаҳои 11-метра) ба даста 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуданд.
Ҳамчунин дар ҳолати пирӯзӣ дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё бар Урдун барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ҷудо хоҳад шуд.
Инчунин дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мукофотҳои калон тақдим карда мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши мамлакат сабт намуд.
АКС аз бойгонӣ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






