Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Шурои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафар ба шаҳри Боку ва иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё бо муовини якуми Раиси Шурои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб Тариқ Ҳумайд Матар Моҳд Алтайер мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот иброз гардид, ки байни ду давлат робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ амал менамоянд. Сарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки зимни онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҳамкории сиёсӣ байни ду давлати бародар ва дӯст дар сатҳи олӣ қарор дошта, ҳоло заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро 27 санади байнидавлативу байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳанд.
Маълум аст, ки дар замони муосир пеш бурдани тиҷорату ҳамкории васеи иқтисодию сармоягузорӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ байни давлатҳо мебошад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ширкат бо сармояи муассисони Амороти Муттаҳидаи Араб фаъолият доранд.

Барои тақвият додани ҳамкорӣ байни давлатҳо ҳанўз имконияту иқтидор дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ вуҷуд доранд. Албатта, ҷониби Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки дар ин бахшҳо раванди ҳамкориро бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар сатҳи сифатан нав амалӣ намояд.
Гуфта шуд, ки яке аз абзори муҳими таҳкими ҳамкории парлумонӣ таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ аст, ки моҳиятан пули дӯстиву ҳамкорӣ байни ду маҷлис ва ду миллат маҳсуб мешаванд.
Дар Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шурои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шудааст. 25 феврали соли 2021 нахустин машваратҳои байнипарлумонӣ дар шакли маҷозӣ байни аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид






