Роҳҳои осони пешгирии диабет номбар шуданд

Февраль 25, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Духтурон аз ҳарвақта дида бештар дар бораи бозгашти диабет ҳангоми болоравии сатҳи қанд дар хун сухан мегӯянд. Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи диабети Амрико, танҳо дар ҳафтод дарсади ҳолатҳо он ба диабети навъи II мегузарад. АИР «Новости» дар якҷоягӣ бо мутахассисон муайян менамояд, ки ин чӣ гуна ҳолат аст ва бо кадом роҳ метавон онро ошкор намуд.

Диабети қанд дар як шабонарӯз пайдо намешавад, ин беморӣ дар бунияи одам ба таври пинҳонӣ марҳилаи дарозмуддатеро мегузаронад. Табодули карбогирдратҳо вайрон мешавад, аммо дар зоҳир он тамоман намоён намегардад. Танҳо аз пайдо шудани  мушкилӣ то андозае баланд шудани сатҳи глюкоза дар хун дарак  медиҳад. Инро ҳолати қабл аз диабет меноманд.

Ду давраи онро маълум намудаанд. Дар ҳолати вайроншавии гликемия дар меъдаи холӣ сатҳи глюкоза дар хун 5,6-6,9 миллимол дар литрро ташкил медиҳад. Дар сурати вайроншавии тобоварӣ ба глюкоза-7,8-11 миллимол дар литр мешавад.

Соли 2021 ним миллиард калонсолонро бо гирифторӣ ба давраи аввал ва беш аз 300 миллионро бо давраи дуюм муайян намуданд. Таҳқиқоти русиягии NATION соли 2013 ин ҳолатро дар 19,3 фоизи иштирокчиён муайян сохт. Натиҷаҳо аслан хушҳолкунанда нестанд: тибқи таҳлилҳо, то соли 2045 ба ин миқдор боз 10 фоизи дигар зам мешавад. Дар умум аз чор як нафар тибқи ин ё он нишондиҳанда гирифтори диабети қанд аст.

Баланд шудани қанд чӣ маъно дорад?

 Вақте ки глюкоза бо ғизо ба организм ворид мешавад, дар хун инсулин барои тақсимот ва таъмини ҳама ҳуҷайраву бофтаҳо бо энергия ворид мешавад. Инсулинро бета-ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда ҳосил менамоянд. Онҳо метавонанд бо ҳар гуна омилҳо, аз ҷумла дар натиҷаи мутатсияи генетикӣ ва ё аз фишори кори барзиёд фаъолият накунанд. Илова бар ин, баъзан бофтаҳои бадан ҳассосият ба инсулинро гум менамоянд, инсулин ҷамъ мешавад, аммо дар коркарди глюкоза иштирок намекунад.

Баъзе хӯрокҳо метавонанд боиси якбора баланд шудани қанди хун шаванд. Духтурон дар ин ҳолат индекси гликемикиро истифода мебаранд. Чӣ қадаре, ки он боло бошад, ҳамон қадар тезтар қанд ҳосил мешавад. Инҳо барои мисол хурмо, нони сафед, қаннодӣ, ширинӣ, асал, шарбати мева, оби ҷав, яхмос, чипс мебошанд. Ғизошиносон тавсия медиҳанд, ки чунин хӯрокҳоро мебояд бо нахҳо ва равғанҳои растанӣ якҷоя намуда, истеъмол кунанд, то ҷаббиши карбогидратҳо суст шавад. Аммо нозукие мавҷуд аст.

Агар он сари вақт мушоҳида шавад, парҳез ва тарзи ҳаёт танзим гардад, ба духтур муроҷиат шавад, он гоҳ ихтилоли мубодилаи карбогидратро метавон ба муддати дароз муътадил нигоҳ дошт.

АКС: Depositphotos.com / IgorVetushko

Февраль 25, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад