ПЕШНИҲОД БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ҶАҲОН. Дар ҳошияи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон дар СММ

Октябрь 6, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Таърихи башарият шоҳиди садҳо низоъ ва ҷангҳои хунини байни давлату миллатҳо, ҳокимияту мардум ва қавму қабилаҳо гаштаст, ки ҳар кадоми онҳо дар заминаҳои муайяни иҷтимоӣ, сиёсӣ, миллию этникӣ, динию мазҳабӣ ва ғайра ба вуҷуд омада, миллионҳо нафар одамони бегуноҳ дар ин роҳ қурбонӣ шудаву мешаванд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, то имрӯз тавассути зӯроварӣ ҳал намудани ихтилофоту зиддият аз байн нарафта, қувваҳои аҳриманӣ ҳалли манфиати хешро тариқи ин усул пеш мебаранд. Натиҷаи онро мо, сокинони сайёра дар воқеияти ҳаррӯза дида истодаем, ки дар раванди он ба сари мардуми бегуноҳ пайомадҳои харобиовар меоянд.

Манофеи геополитикии давлатҳои абарқудрат аз сари нав ба яроқнокшавии бошитоби асри гузашта овардааст. Мафҳуми “ҷанги сард” кайҳо боз дар қарни нав ба лексикони сиёсатмадорон ва сиёсатшиносон ворид шудааст. Ҳатто рӯзҳои охир кор ба дараҷае расидааст, ки баъзе аз таҳлилгарон истифодаи силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли омро пешгӯӣ намуда, онро ягона воситаи ҳалли ин муноқишаҳо ҳисоб мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ ва ҳалли ҳама гуна зиддияту  низоъ тарафдори гуфтушуниди мусолиҳатомез ва ҳалли осоишта бо истифода аз дипломатия мебошад ва дар сафи пеши ин ҳамкорӣ қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофот байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда шудааст. Ин масъала дар Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало дарҷ гардидааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад».

Пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» боз як ташаббуси ояндасоз барои башарият ба хотири таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон мебошад.

«Имрӯз мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро байни аҳолии осоишта дар пай доранд»,- изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.

Ҳамзамон таъкид намуданд, ки роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд.

«Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем»,- изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат зарур донистанд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади расидан ба рушди устувор иқдоми фаъолтарро амалӣ намоянд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба таври расмӣ шинохта шудааст. Соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 200 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 95 давлати дунё муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ барқарор гардидаанд.

Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти беш аз 40 ташкилоти байналмилалӣ пазируфта шудааст. Ҳамаи ин далели он аст, ки обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ рӯз аз рӯз боло рафта, имрӯз он ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Мамадризо АЛИМШОЕВ,
номзади илмҳои таърих,
дотсенти
Донишгоҳи давлатии Хоруғ
ба номи М. Назаршоев

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 6, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад