Саридораи геологияи Тоҷикистон бо 120 ширкат шартномаи истифодаи захираҳои табииро ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта дар Тоҷикистон захираҳои канданиҳои фоиданок, аз қабили тилло, нуқра, волфрам, сурма, нафт, гаҷсанг, мармар, оҳаксанг, хок, рег ва омехтаи регу шағал тасдиқ гардида, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд. Дар ин давра Саридораи геология бо 120 ширкат шартномаи истифода бурдани захираҳои табиӣ ба имзо расонид. Дар ин хусус 30 январ зимни нишасти матбуотии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Гуфта шуд, ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуд.
Мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2023 корҳои омӯзиши геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 29 лоиҳа ба маблағи беш аз 17 миллион сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология гузарониданд, ки нисбат ба соли 2022 беш аз 1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 107 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра тибқи дархост ва нақша дар 571 деҳаи ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд таҳқиқоти муҳандисиву геологӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа ба 343 хоҷагӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчидан пешниҳод манзур гардид.
Дар Шурои илмӣ-техникии Саридора 112 мавод, аз ҷумла 47 лоиҳа ва 65 ҳисобот баррасӣ гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






