Шуъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати кӯдаконаи «Шифобахш» пас аз таъмири асосӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» пас аз таъмири асосӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Корҳои таъмирӣ ҷиҳати ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, моҳи декабри соли 2023 оғоз ёфта, баъди бо сифати баланд ба анҷом расидан шуъба мавриди истифода қарор гирифт.
Дар баробари ин шуъба бо якчанд таҷҳизот ва лавозимоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардоманиторҳо, дефибилиятор ва ғайра таъмин шудааст, ки дар табобати беморон нақши муҳим мебозанд.
Шуъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати кӯдаконаи марказ аз 10 кат иборат буда, дар он 15 мутахассиси соҳа ба табобати беморон машғул мебошанд.
Дар шуъба бемороне, ки ба таври таъҷилӣ ва ба таври нақшавӣ бистарӣ мегарданд, ба табобат фаро гирифта мешаванд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






