Соли 2023 аз ҷониби судҳо оид ба вайронкунии қонун ва кирдорҳои ғайриқонунӣ 26 ҳазору 330 таъйиноти хусусӣ бароварда шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Суди Олии мамлакат иттилоъ дод, ки соли 2023 аз ҷониби мақомоти судӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмуъ 826 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, нисбат ба 818 шахс ба маблағи беш аз 4 миллиону 689 сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст. Ҳамчунин нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар маҷмуъ 14 ҳазору 187 парванда баррасӣ гардида, ба 5 ҳазору 452 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 8 ҳазору 744 нафар ҷарима ба маблағи умумии беш аз 1 миллиону 803 ҳазор сомонӣ таъйин гардид.
Гуфта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ, мусоидат ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва ҳамчунин ба фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонад, қабул гардидааст. Дар баробари ҳамин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо мақсади тақвият додани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд қабул шудааст. Аз ин рӯ мақомоти судии мамлакат ба риояи саросарии иҷрои ин қонунҳо ва ҳамзамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ мусоидат намудаанд, аз ҷониби судҳо дар маҷмуъ 26 ҳазору 330 таъйиноти хусусӣ бароварда шудааст. Таъйиноти хусусии бароварда ҷиҳати тадбирандешӣ ва аз байн бурдани камбудиҳое, ки ба содир намудани қонунвайронкуниҳо сабаб гардидаанд, ба мақомоти дахлдор равона шудаанд.
Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи мақомоти судӣ ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа мебошад.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?






