Соли 2023 дар Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба беш аз 700 адад расид

Февраль 4, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 04.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 717 адад расида, дар онҳо 104 ҳазору 921 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки нисбат ба соли гузашта 10 муассиса ва 2396 нафар кӯдак зиёд мебошад. Дар ин хусус Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода 2 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Дар робита ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ҷиҳати дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2381 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 96 546 кӯдак таъсис дода шудааст», -гуфт Вазири маориф ва илм.

Ба гуфтаи номбурда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022  270 марказ ва 27 ҳазору 655 кӯдак зиёд мебошад. Имсол шумораи гурӯҳҳои инкишофи кӯдак ба 4527 адад расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки ин Барнома аз 30 сентябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳадаф аз он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад. Бо амалисозии Барнома то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33 фоиз расонида шавад.

Гуфта шуд, ки тибқи Барнома, заминаи  моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили  муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.

Таъкид шуд, ки дар асоси нақшаи Барнома бояд соҳибкорон  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ ёбанд, то имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд