ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, панҷшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 22, 2024 08:00

22 феврали соли 2014 дар шаҳри Ҳошимини Ветнам маросими қуръакашии даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футзал баргузор гардид. Дар натиҷаи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «А» шомил гардида, ҳарифонаш дастаҳои Ветнам, Кувайт ва Ироқ муайян шуданд.

***

22 феврали соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 22-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

***

22 феврали соли 2016  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 9 ошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи иншооти нави ин марказ иштирок намуданд.

 ***

22 феврали соли 2018 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

***

22 феврали соли 2019 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуд.

*** 

21 феврали соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуданд. 

***

22 феврали соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20- солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

22 феврали соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парламенти Аврупоро бо роҳбарии Давид Макаллистер ба ҳузур пазируфтанд.

***

22 феврали соли 2023 дар Душанбе нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи фазои иттилоотӣ ва фарҳанги истифодаи интернет баррасӣ шуд.

22 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии дастгирии ҷабрдидагони ҷиноят.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҷумъабой Сангинов-соли  1952,— пизишк, доктори илмҳои тиб, профессор. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994).

Февраль 22, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш