TASHKENT GRAND SLAM 2024 . Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 15 варзишгар намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар мусобиқаи навбатии «Сайри ҷаҳонии ҷудо» – Tashkent Grand Slam 2024 дар ҳайати 15 нафар иштирок менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Мусобиқа аз 1 то 3 март бо иштироки 463 варзишгари беш аз 70 давлат баргузор мешавад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг), Мавлуда Одинаева (-63кг) байни духтарон ва Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов (-60кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов (-73кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Сунатулло Мусоев (-81кг), Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг), Мансур Раҳмон ва Шакармаҳмад Мирмамадов (+100кг) байни мардон дохил мебошанд.
Беҳруз Хоҷазода, ки қаблан ба ҳайати дастаи Тоҷикистон оид ба ҷудо ворид шуда буд, бинобар ҷароҳат бардоштан дар ин мусобиқа иштирок карда наметавонад.
Варзишгарон барои иштирок дар мусобиқа хол ба даст оварда, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд. Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ мегиранд.
АКС: Варзиш ТВ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






