Вазорати адлияи Тоҷикистон ба буҷет 72 миллиону 532 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ ворид намуд

Февраль 18, 2024 14:17

ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷети ҷумҳурӣ 184 миллиону 912 ҳазор сомонӣ, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 24 миллиону 820 ҳазор сомонӣ ё 16 фоиз зиёд мебошад, маблағ ворид гардидааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ 15 феврал Вазири адлияи мамлакат Музаффар Ашуриён иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Музаффар Ашуриён, аз ҷониби вазорат ҳамзамон соли 2023 боҷи давлатӣ ба маблағи умумии 72 миллиону 532 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.

Иброз шуд, ки дар 47 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 47 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар давраи ҳисоботӣ ба 10 284 шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод намуд. Аз ин шумора 3419 (34%)  нафар мард ва 6865 (66%) нафарро зан ташкил дода, аз шумораи умумӣ 364 нафар шахсони маъюб мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар 19 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ Маркази ёрии ҳуқуқӣ амал наменамояд. Тибқи нақшаи Вазорати адлия ояндаи наздик дар назар аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои боқимонда чунин марказҳо бо ҳуқуқшиносони давлатӣ таъсис дода шаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2024 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид