Вазорати адлияи Тоҷикистон ба буҷет 72 миллиону 532 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ ворид намуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷети ҷумҳурӣ 184 миллиону 912 ҳазор сомонӣ, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 24 миллиону 820 ҳазор сомонӣ ё 16 фоиз зиёд мебошад, маблағ ворид гардидааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ 15 феврал Вазири адлияи мамлакат Музаффар Ашуриён иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Музаффар Ашуриён, аз ҷониби вазорат ҳамзамон соли 2023 боҷи давлатӣ ба маблағи умумии 72 миллиону 532 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.
Иброз шуд, ки дар 47 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 47 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар давраи ҳисоботӣ ба 10 284 шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод намуд. Аз ин шумора 3419 (34%) нафар мард ва 6865 (66%) нафарро зан ташкил дода, аз шумораи умумӣ 364 нафар шахсони маъюб мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар 19 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ Маркази ёрии ҳуқуқӣ амал наменамояд. Тибқи нақшаи Вазорати адлия ояндаи наздик дар назар аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои боқимонда чунин марказҳо бо ҳуқуқшиносони давлатӣ таъсис дода шаванд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид






