РУШДИ МАОРИФ. Музди маоши омӯзгорони гурӯҳҳои русиву англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ 10 фоиз зиёд гардид

Февраль 26, 2024 16:48

ДУШАНБЕ, 26.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз 1 феврали соли 2024 маоши омӯзгорони забони русӣ ва англисиро аз ҳисоби маблағҳои махсус 10 фоиз зиёд намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ин тасмим бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, татбиқи ҳадафҳои дар назди роҳбарияти донишгоҳ гузошта, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии онҳо гирифта шуд.

Ҳамзамон ректори донишгоҳ дар бораи ташаббусҳои беназиру мондагори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва боз ҳам баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ба масъулин дастуру супориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба масъалаи омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, тамоми кормандони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳоро вазифадор намуданд, ки забони русиву англисиро аз худ намоянд.

Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.

«Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қаблан низ дар самти забондонию забономӯзии донишҷӯён иқдоми шоиста пеш гирифта  буд. Яъне, донишҷӯёнеро, ки 400 вожаи пешниҳодшуда аз забонҳои русӣ ва англисиро бо иловаи 2 ғазал аз осори шоирони классику муосири тоҷик аз бар менамоянд, аз пардохти 10-20%-и маблағи шартномаи таҳсил озод намуда буд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Февраль 26, 2024 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба тамоми шуъбаҳои маорифи Тоҷикистон беш аз 9 миллион китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ дастрас карда мешавад
НАВГОНӢ ДАР СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Тоҷикистон ба дониш ва малакаи хонандагон дар сатҳи 10 хол баҳо гузошта мешавад
Форуми дуюми Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Хонандагони синфи якуми шаҳри Бӯстон ба ҷараёни таълим шинос карда мешаванд
Дар Душанбе оид ба рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамоиш доир гардид
Тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ беш аз 117 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа таҳсил намудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар шаҳри Ҳисор се мактаби нав ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе оид ба тарбияи насли наврас ҳамоиш доир гардид
Ҳайати Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ташриф оварданд
Ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон Сертификат дар ҳаҷми беш аз даҳ миллион сомонӣ тақдим карда шуд
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2025» ҷамъбаст гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илми Қатар баррасӣ карда шуд