Ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2024 доир шуд

Март 7, 2024 17:18

ДУШАНБЕ, 07.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 марти соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Комиссия оид ба дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2024 доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба вазорати мазкур.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода баргузор гардид. Номбурда доир ба моҳияти таъсиси гранти мазкур ва рушди ҳунармандӣ ибрози андеша намуда, ҳадафи онро дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон арзёбӣ намуд.

Дар ҷаласа гузориши муовини вазир — муовини раиси Комиссияи грантӣ Ализода Алишер дар бораи тадбирҳои амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024 «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» дар соли 2024 шунида шуд.

Сипас аъзои Комиссияи грантӣ доир ба тарғиби озмун барои дарёфти грант, додани афзалият ба ҳунармандии соҳаи истеҳсолӣ ва ҳунарҳои мардумие, ки хавфи азбайнравии онҳо вуҷуд дорад ва дигар масъалаҳои марбут ба пешниҳод ва баррасии ҳуҷҷатҳои ҳунармандони довталаб ибрози назар карданд.

Таъкид гардид, ки маблағи грант барои рушди соҳаҳои ҳунармандӣ, аз қабили харидории таҷҳизоту дастгоҳҳо барои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, воситаҳои лозимӣ ва ашёи хом (ба истиснои сохтмон, таъмир ва музди меҳнат) истифода мешавад.


Гуфта шуд, ки барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 намуди фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти андозҳо озод карда шудаст.

Айни замон, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» бармеоянд, фароҳам карда шудааст, аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шӯро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ», «Дар бораи Номгӯи касбҳои ҳунармандӣ», «Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» мавриди амал қарор доранд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дархост ва номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ҷиҳати дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2024 бо забони давлатӣ қабул гардида, муҳлати пешниҳоди онҳо як моҳ, яъне аз 1 март то 1 апрели соли 2024 муқаррар гардидааст.

Тавре масъулин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номгӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои иштирок дар озмун аз ариза ба унвони раиси Комиссия; маълумот дар бораи ҳунарманд; нусхаи шиноснома; 2 дона акси 3×4; нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда; маълумотнома аз маҳали истиқомат; ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ, (агар тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бақайдгирӣ талаб карда шавад); лоиҳаи асоснокшудаи ҳунарманд дар бораи самти фарогирии ҳунаре, ки дорад ва минбаъд онро рушд медиҳад ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки довталаб ба озмун пешниҳод намудани онҳоро зарур медонад, иборат аст.

Ҳунармандоне, ки хоҳиши дар ин озмун иштирок карданро доранд, метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар суроғаи кӯчаи А.Навоӣ 5/2, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст, муроҷиат намоянд. Ҳамчунин метавонанд тавассути телефон бо рақами 2503239; 2503207 дар бораи тарбиби иштирок дар ин озмун маълумоти муфассал гиранд.

Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҷудо гардида, ҳар грант ба андозаи 25 000 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ равона шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 18 феврали соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» ба тасвиб расид.

Мутобиқи ин қарор, давоми солҳои 2024 – 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода мешавад:

– дар соли 2024 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;

– дар соли 2025 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;

– дар соли 2026 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ.

Ҳамчунин ҷиҳати амалисозии ин иқдом дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2024 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо баргузор мешаванд
Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Имрӯз ба 120 зан — ғолиби лоиҳаҳо диплом супорида шуд
Дар Тоҷикистон доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Табибони тоҷик ду ҷарроҳии мураккаб анҷом доданд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ намуданд
Хизматчиёни давлатӣ аз Тоҷикистон таҳсилро дар донишгоҳҳои Ҷопон оғоз намуданд
ТИРАМОҲ ФАРО МЕРАСАД. Дар ин фасл кадом бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд?
Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷҳизоти нави алоқа ва назорати видеоӣ дастрас гардид
Дар Тоҷикистон барои ташхису табобати бемориҳои эндокринологӣ 6 муассисаи тиббӣ фаъолият мекунад
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Касбомӯз» таъсис дода шуд