Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид

Март 11, 2024 17:29

ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид. Ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғди аҳолӣ иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз ҳамкорӣ бо донорҳо ва шарикони асосии рушд дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, ки дар татбиқи якчанд лоиҳаҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва таълими калонсолон намояндагӣ менамоянд, бахусус мусоидат ба ҷалби шаҳрвандон ба шуғли пурсамар, ки таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гуфта шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, музди меҳнат, рушди соҳибкории хурду миёна, такмили низоми нави қарздиҳӣ ба соҳибкорон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии низоми андоз, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории иловагӣ ба рушди ҳифзи иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва дигар паҳлуҳои иҷтимоии ҷомеа, ки ба содагардонии тартиб додани нақшаи тадбирҳо барои ояндаи наздик мусоидат менамоянд, ҳамаҷониба таҳлил гардидаанд.


Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иброз намуд, ки Барномаи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ то соли 2026 якчанд тадбирҳои муассирро дар соҳаи таълими калонсолон, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли шаҳрвандони бекор, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар бар мегирад. Аз ҷумла, барои ноил шудан ба ҳадафи олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон рақамикунонии иқтисод имкон медиҳад, ки модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳавасмандгардонии табодули навъҳои мавҷуда ва рушди навъҳои нави истеҳсолот фароҳам оварда шавад. Гузариш ба хизматрасонии рақамии давлатӣ ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, афзоиши даромади буҷет, беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини шаффофият ва содагардонии расмиёт мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки иқтисоди рақамӣ дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ шароит фароҳам меорад. Ноил шудан ба ин ҳадафҳо бе кумаки шарикони рушд ва донорҳо, ҷалби манбаъҳои иловагии сармоягузорӣ, кумаки техникӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ хеле мушкил аст. Дар робита ба ин дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо бо мақсади нигоҳ доштани муколамаи сиёсӣ, ҷалби захираҳо, ҳамоҳангсозии шарикони рушд, донорҳо, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.

Ин платформаи ҳамкорӣ самтҳои амалии татбиқи дурнамои вазоратро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо назардошти шуғли ҷавонон ва инноватсия, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, меҳнати арзанда ва коҳиши равандҳои муҳоҷират муайян менамояд. Дар вохӯрӣ пешниҳодҳо, ташаббусҳо ва қарорҳо оид ба ҳамкории минбаъда қабул гардида, рафти иҷрои онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шуро, ки ҳар се моҳ баргузор мегардад, муаррифӣ мешавад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 11, 2024 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон маъракаи иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам оғоз мегардад
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ баррасӣ гардид
Вобаста ба баланд бардоштани тавонмандсозӣ барои самаранокии идораи давлатӣ ҳамоиш доир шуд
«ЗАНОН ДАР ИҚТИСОДИ «САБЗ» ВА РАҚАМӢ». Дар шаҳри Гулистон Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ доир шуд
Беш аз 80 ҳазор нафақагирони шаҳри Душанбе аз индексатсия баҳраманд шуданд
Озмуни ҷумҳуриявии нонпазии «Зеби дастархон» ҷамъбаст шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар омӯзиши бозори меҳнат сухан гуфт
Раиси Шурои уламои Тоҷикистон бо медали фахрии Анҷумани роҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ сарфароз гардонида шуд
Дар Суғд Форуми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани анҷир хавфи бемории дилро кам менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист 4 бинои маъмурӣ ба истифода дода мешавад
Истеъмоли хурмо узви босираро мустаҳкам намуда, пеш аз муҳлат пиршавии баданро пешгирӣ менамояд