«ANTALYA GRAND SLAM-2024». Ҷудочии тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ба финал баромад
ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Туркия мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо «Antalya Grand Slam-2024» оғоз гардид, ки дар он 12 варзишгар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочии тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг ба финал роҳ ёфт. Барои баромадан ба финал Эмомалӣ Нуралӣ бар Элиос Мантси аз Италия, Ҳаким Агамаммедов аз Туркманистон, Кубаничбек Айбек уулу аз Қирғизистон ва Муҳаммад Демирел аз Туркия пирӯз шуд.
Дар финал варзишгари тоҷик бо ҷудочии ҷопонӣ Хифуми Абэ барои медали тилло рақобат менамояд.
Ҳамзамон Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг барои медали биринҷӣ муқобили варзишгари турк Муҳаммад Демирел мубориза мебарад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи аввали мусобиқа барои Насиба Карликова (-52кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Меҳрзод Суфиев (-60кг) ва Ҳақдод Гулов (-60) бе натиҷа анҷом ёфт.
АКС аз бойгонӣ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






