ҲАР КӢ НАВРӮЗРО ҶАШН ГИРАД, БА ШОДИВУ ХУРРАМӢ ПАЙВАНДАД! Суратгузориш аз тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Бӯстон

Март 23, 2024 13:23

ДУШАНБЕ, 23.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи истиқбол аз Ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Бӯстон ба номи Садриддин Айнӣ тадбирҳои идона доир гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд, дар ин рӯз намоиши анвои нон ва таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, шеъру сурудхонӣ, расмкашӣ ва дигар тадбирҳои идона ҷараён гирифта, дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ масъулини соҳаҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, идораи рӯзномаи «Паёми Бӯстон», Шурои мутобиқгардонии фаъолияти маҳаллаҳои шаҳр ва дигарон фаъолона иштирок намуданд.

Дар зер суратгузориш аз тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Бӯстон пешниҳод мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Март 23, 2024 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид