Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
ДУШАНБЕ, 22.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода бо донишҷӯёну устодон баҳри шарҳу тавзеҳ додани нуктаҳои муҳими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти имсол зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин баён дошта буданд, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин раёсат.
Мулоқот тариқи алоқаи видеоселектрӣ ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии технологӣ ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо фарогирии 760 нафар устодону донишҷӯён пахш гардид.
Сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят Шариф Назарзода таъкид намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст. «Вобаста ба ин барои баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии ҷавонон ва соҳибкасб гаштани онҳо якчанд барномаи мушаххас дар самти дастгирии ҷавонон қабул ва мавриди амал қарор дода шуд, ки метавонанд баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо заминаи мусоид фароҳам оваранд. Аз ин лиҳоз ҷавононро мебояд қарзи шаҳрвандиашонро, ки маҳз таҳсили илму дониш, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва саҳм гузоштан дар пешравии ҷомеа мебошад, иҷро намуда, бо амалу рафтори намунавӣ шоистаи таҳсин ва ифтихори волидайну миллати тоҷик гарданд»,-баён дошт ӯ.
Шариф Назарзода доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар ҷаласаи Шурои амният баён намуда буданд, ҳарф зада, доир ба масоили пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, бартарафнамоии омилҳои халалдоркунандаи тартиботу оромӣ, мусодираи маводи мухаддир, тарзи дуруст ва оқилонаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти милитсияи Хатлон сухан гуфт.
Таъкид гардид, ки танҳо насли донишманду босавод, дорои фарҳангу маданияти баланд ва зираку ҳушёр метавонад дар замони муосири ҷаҳонишавӣ давлату миллаташро аз хатарҳои имрӯза ҳифз намуда, баҳри рушду нумуъ ва ободу зебо гардонидани он бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ саҳм гузорад. Ин аст, ки пайваста Пешвои муаззами миллат ба неруи созандаву бунёдкоронаи ҷавонон такя намуда, онҳоро насли ояндасози давлату миллат меноманд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»






