БАҲОРИ ПУРБАРФ МУБОРАК! Имрӯз рӯзи аввали баҳор — фасли эҳё ва оғози кишту кор аст
ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз фасли шукуфтанҳо — баҳори нозанин бо накҳати атрогинаш ба Тоҷикистон омад ва табиати нотакрори ин сарзамини куҳанбунёдро боз ҳам зеботару назаррабо гардонид. Тоҷикистониён баҳорро фасли дӯстдошта медонанд, онро бесаброна интизорӣ мекашанд. Баҳор фасли эҳё, оғози кишту кор, даврае аст, ки кишоварзон дар такопӯ афтода, барои пур намудани хони мардум ба замин донаи умед мепошанд.
Баҳори имсолаи Тоҷикистон бо барфи сафед фаро расид, ки ин нишонаи серҳосилӣ ва соли хуб омадани соли 2024 мебошад. Бигузор имсолу ҳама солҳо баҳори Тоҷикистон хушпай гардад.
Як рўзи баҳор- пур кунад анбор
Бо омадани фасли баҳор деҳқонони мамлакат сертараддуд мешаванд. Онҳо бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони мардум, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ аз тамоми имконият истифода мебаранд. Кишоварзон аз ҳар рӯзи офтобии фасли баҳор самаранок истифода бурда, баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон ранҷи зиёд мекашанд. Зеро беҳуда нагуфтаанд, ки «як рўзи баҳор- пур кунад анбор».
Фасли баҳор ҳамчун айёми ниҳолшинонӣ мавсими тоза сохтани шохаву навдаҳои зиёдатии дарахтон ва нарм намудани бехи онҳо мебошад.
Имрӯзҳо ин ташаббуси нек дар саросари мамлакат авҷ гирифта, бо шарофати он гӯшаву канори шаҳру деҳотамон боз ҳам сабзу хуррам мегардад.
Ба гуфтаи олимони соҳаи кишоварзӣ, беҳтарин замон барои шинонидани ниҳол ҳавои салқин аст, зеро дар ин вақт ҳанӯз дарахтон хобидаанд. Рӯзҳои авввали баҳор низ барои шинонидани ниҳолҳои гуногуни ороишиву ҳамешасабз ва гулу бутаҳо хеле созгор мебошанд.
Татбиқи якчанд барномаи рушди боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки ин бахш ба соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил ёфта, барои афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот саҳми калон гузорад.
Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.
Шаклдиҳӣ ва буридани шоху навдаи дарахтон
Ба андешаи коршиносон, шохабурӣ муҳлати махсус дошта, вобаста ба навъу хусусияти биологӣ дарахтон башаклдарории муайян доранд. Башаклдарории шохсори дарахтон яке аз тадбирҳои муҳими боғдорӣ аст. Шохсори дарахтон бо тарзҳои гуногун ба шакл дароварда мешавад. Буридани шоху навдаҳо ҳосилнокиро зиёд, устувории шоху навда ва пойдории дарахтро мустаҳкам, таркиби кимиёвии меваро хуштаъм, ҳаҷми меваро калон, сифатнокиашро баланд, инчунин байни қаторҳо гаштани тракторҳоро ҳангоми коркарди замин ва пошидани заҳрҳои кимиёвӣ бар зидди касалию ҳашароти зараррасон осон мегардонад.
Дар айни замон дар боғдории ҷумҳурӣ чор шакли шохсор васеъ қабул гаштааст, ки онҳоро вобаста ба шакли боғ ва намуди дарахтони мевадиҳанда истифода мебаранд.
Вобаста ба шароити маҳал, намуд, навъ, сол, инчунин мақсади гузошта дарахтонро охири тирамоҳ, зимистон, баҳор ва тобистон мебуранд. Дар шароити ҷумҳурии мо пас аз хазонрез буриданро сар намудан мумкин аст. Ба гуфтаи коршиносон, хуб мешуд, ки дар навбати аввал охири тирамоҳу зимистон дарахтони себ, баъдтар ноку олуро буред. Охирҳои зимистон ва аввали баҳор, ба истиснои рӯзҳои хунук бо навбат биҳӣ, олуболу, гелос, зардолу, бодом ва шафтолуро буридан беҳтар аст.
Ба тавсияи олимон, то пурра ба ҳосил даромадани ниҳолҳо бояд буридани шоху навдаи шохсор ба анҷом расад.
Баҳор- фасли пур аз ҷашнҳо
Дар фасли баҳор ба ҷуз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ иду ҷашнҳои зиёде таҷлил мешаванд. Яке аз идҳои анъанавии миллии халқҳои ориётабор, ки бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, иди байналмилалии Наврӯз аст, ки 21 — 24 март таҷлил мешавад. Дар ин фасл инчунин Рӯзи Модар, Рӯзи матбуоти тоҷик, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамчунин озмуни «Сайри гули лола» ва Фестивали фарҳангӣ-фароғатии «Чакомаи гесӯ»-ро таҷлил менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ПРЕЗИДЕНТИ МО-ИФТИХОРИ МО». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд
Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид






