Бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои тандурустӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиш доир шуд

Март 16, 2024 08:48

ДУШАНБЕ, 16.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва кормандони соҳа иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаи дастҷамъиро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид намуда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар фарди баору номус меҳисобанд.

Дар идома иштирокчиён доир ба ҳолатҳои  коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза бар зидди ин зуҳурот, инчунин дар самти амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва корҳои пешгирии  коррупсионӣ  байни кормандони соҳаи тандурустӣ сухан гуфта, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ, масъалаҳои иҷрои ҳатмии талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани онро баррасӣ намуданд.

Масъулин иброз доштанд, ки минбаъд низ баҳри пешгирӣ намудани коррупсия дар доираи ваколат ва имконияти мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят саҳм мегузоранд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 16, 2024 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад