«Бояд дар амал, бо анҷоми хизматҳои шоиста ба манфиати халқу Ватан ватандӯстии хешро собит созем»,- бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Март 2, 2024 11:15

ДУШАНБЕ, 02.03.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид, ки  дар кори он  масъалаи  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҳувияти миллии ҷавонон ибрози андеша намуда, гуфт, ки бақои ҳар миллату давлат ва рушди озодонаи ҳар як фард ба худшиносиву ҳисси баланди ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва ободиву пешрафти Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

Таъкид шуд, ки ҳар яки мо бояд дар амал, бо анҷоми хизматҳои шоиста ба манфиати халқу Ватан ватандӯстии хешро собит созем. Танҳо инсони ватандӯсту ватанпарвар метавонад баҳри рушди ҷомеа ва мамлакаташ саҳмгузор бошад. Ватандӯстӣ моро ба ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав, ки  ба нафъи миллату давлат мебошад, ҳидоят мекунад.


Инчунин дар ҳамоиш намояндагони дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат доир ба  тақвияти фаъолияти идеологӣ – сиёсӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз қабили  экстремизм ва терроризм ибрози андеша карданд.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо тавассути  шабакаҳои  интернетӣ  ғояҳои ифротгароӣ паҳн карда мешаванд ва ҷавонони мо бояд бо донишҳои зарурии замона мусаллаҳ гардида, равандҳои сиёсӣ, механизмҳои пайдоиши низоъҳои ҷамъиятӣ ва мазҳабӣ, инчунин, моҳияти шиору ғояҳои нерӯҳои гуногунро дарк карда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, руҳияи эҳтиром ба инсон,  ҳамчун шахсият новобаста аз мансубияти миллиро дар худ тарбия намоянд.

Ҳадафи баргузории чунин ҳамоишҳо таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, пос доштани хотираи неки абармардон, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна кирдорҳои ношоиста ва баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон дар раванди ҷаҳонгароӣ мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 2, 2024 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид