Бунафша Файзиддинзода дар доираи иштирок дар ҷаласаи 68-уми Комиссия оид ба мақоми зан бо занони тоҷики муқими Ню-Йорк мулоқот намуд

Март 16, 2024 12:10

ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар ҷаласаи 68-уми Комиссия оид ба мақоми зан (CSW-68), ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

11 март роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар қисмати ифтитоҳии ҷаласа ва чорабинии канории Созмони ҳамкории исломӣ зери унвони «Таъмини тавонмандии оилаҳо барои рушди устувор: таҷрибаҳои пешқадам дар ҳимояи ҳуқуқи башар, занон ва духтарон» иштирок ва суханронӣ намуд.

14 март Бунафша Файзиддинзода дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 68-уми Комиссия оид ба мақоми зан сухан гуфта, таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан, дастгирии пайвастаи ташаббусҳои созанда ва шароити мусоид барои ноил шудан ба сатҳи баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими мақоми зан дар ҷомеа ва баланд бардоштани нақши онҳо тадбирҳои назаррас андешида мешавад. Тасдиқ ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин татбиқи ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, ки ба баланд бардоштани иштироки фаъолонаи занон дар арсаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллифи аксари ташаббусҳо ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масълаи об мебошад ва бо ишора ба қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» иштирокдорони иҷлосия даъват гардиданд, ки дар Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 10-13 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, фаъолона иштирок намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз форумҳои пеш аз конфронси мазкур баргузоршаванда ба мавзуи «Зан ва об» бахшида мешавад.

Инчунин дар ҳошияи чорабинии мазкур вохӯрии Раиси Кумита кор бо занон ва оила бо мудири иҷроияи Сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба баробарии гендерӣ ва тавондмандсозии занон (СММ-Занон) ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Сима Сами Баҳус барпо гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории Тоҷикистон ва ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид -Занон табодули афкор намуданд. Мусоҳибон аҳаммияти ҳамкории муштаракро барои пешбурди баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии иқтисодии занон таъкид намуда, имкони баргузории чорабиниҳои муштаракро вобаста ба нақши занон, баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки 68-умин Комиссия оид ба мақоми зан (CSW-68) бузургтарин ҳамоиши солонаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон, имсол аз 11 то 22 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк таҳти мавзӯи «Тезонидани ноилшавӣ ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҳамаи занону духтарон тавассути ҳалли мушкилоти камбизоатӣ ва таҳкими институтҳо ва маблағгузорӣ бо дурнамои гендерӣ», баргузор мешавад.

Ҳамзамон бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода бо занони тоҷики муқими Ню-Йорк баргузор гардид.

Зимни ҷаласа Бунафша Файзиддинзода ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа бо овардани далелҳои мутамад ва мисолҳои зиёд ёдовар шуд.

Илова бар ин, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила аҳаммияти ҳамбастагии занони тоҷик дар хориҷаро барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ ва таҳкими ҷанбаҳои ахлоқии ҷомеа таъкид намуд.

Инчунин иштирокдорони мулоқот таъсис ва баргузор намудани вохӯриҳои мунтазами гурӯҳи занони тоҷики муқими Ню-Йоркро баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Март 16, 2024 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд