Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 12 бошгоҳ иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар мавсими нав теъдоди иштирокчиёни Лигаи олии чемпионҳои Тоҷикистонро афзоиш диҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тибқи протоколи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболии мамлакат, ки дар он масъалаи афзоиши дастаҳо дар ҳамаи лигаҳои мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тасмим гирифт, ки шумораи иштирокчиёни Лигаи олиро аз 10 ба 12 даста расонад. Шумораи иштирокчиёни Лигаи якуми Тоҷикистон низ зиёд мешавад.
Бар асоси натиҷаҳои раванди литсензиякунонии бошгоҳҳо маълум шуд, ки дастаи «Файзканд»-и Восеъ ба далели мушкилоти молӣ ва инфрасохторӣ дар чемпионати Тоҷикистон иштирок карда наметавонад. Дастаи ноҳияи Восеъро дар Лигаи олии мамлакат барандаи медали биринҷии Лигаи якуми мавсими гузашта- «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиякунонӣ бомуваффақият гузаштааст, иваз менамояд.
Илова бар ин, бинобар ба 12 адад расидани шумораи дастаҳо дар чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар баромадро дар Лигаи олӣ идома медиҳанд, зеро ин бошгоҳҳо ба талаботи чемпионати Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, аз иҷозатномадиҳӣ бомуваффақият гузаштаанд. Дастаҳои «Хулбук» ва «Моҳир», ки дар мавсими гузаштаи Лигаи якум ҷойҳои чорум ва панҷумро гирифтанд, бинобар риоя накардани талаботи муқарраршудаи низомномаи иҷозатномадиҳӣ ба бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон ба Лигаи олӣ роҳ дода нашуданд.
Тибқи қарори Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, мавсими нави мусобиқоти чемпионати Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар даста дар майдонаш ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ менамоянд. Умуман, дар мавсим ҳар тим 22 бозӣ мегузаронад. Дастае, ки дар мавсими соли 2024-и Лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол менамояд, ба Лигаи якум меравад ва бошгоҳе, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






