Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 20.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар он муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, намояндагони бародаршаҳрҳо ва ташкилоти аъзо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, сохторҳои шаҳрӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.
Фестивал соли шашум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.
Гуфта мешавад, ки давоми 4-5 соли охир дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе дигаргуниҳои беназир ба вуқуъ пайвастанд, ки ин аз таваҷҷуҳи баланди шаҳрдорӣ ба соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ дарак медиҳад. Имрӯз пойтахт на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст.
Танҳо соли 2023 229 ҳазор меҳмонони хориҷӣ ба шаҳри Душанбе омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 37 ҳазор ё 19 фоиз зиёд мебошад.
Зиёд шудани шумораи сайёҳон далели он аст, ки солҳои охир Душанбе ба яке аз шаҳрҳои амну осоишта ва бехатар табдил ёфтааст.
Таъкид шуд, ки давоми солҳои охир бо мақсади ободу зебо намудан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси шаҳрдорӣ тадбирҳои нав андешида шуданд.
Дар айни замон дар доираи нақшаи генералии шаҳр бунёди зиёда аз 407 иншооту бинои таъйиноти гуногун амалӣ мешавад. Соли 2023 дар доираи нақша 11 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тандурустӣ, 20 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 4 бинои маъмурӣ, 53 иншооти баландошёна бо ҷойгиронии 38 маркази хизматрасонӣ, 3 тарабхона, 3 иншооти варзишӣ сохта шуда, таъмири 63 нуқтаи партовпартоӣ ва рангубори 216 бинову иншоот бо таъсиси 4250 ҷойи кори нав анҷом дода шуд.
Ҳамзамон дар 12 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 24,9 километр ва 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,33 километр, инчунин дар 34 истгоҳи нақлиётии замонавӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






