Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва Эрон оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи роҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Шурои иҷроияи Маркази Осиё ва Уқёнуси Ором баҳри рушди мудирияти иттилоот барои хатари офатҳои табиӣ (APDIM) оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва нимаи дуюми моҳи октябри соли 2024 вохӯрии роҳбарони хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ гузаронида мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин тасмим зимни сафари ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба Эрон барои шиносоӣ бо сохторҳои наҷоти Созмони миллии идораи Вазорати корҳои дохилии ин мамлакат ва мулоқот бо муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Манзур Маъун, вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, роҳбари Созмони миллии идораи офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон, роҳбари созмони ҳавошиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Директори Маркази Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба рушди иттилоот дар бораи офатҳои табиӣ гирифта шуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар самти мубориза бар зидди абрҳои жоладор, огоҳкунии пешакӣ аз обхезӣ ва хокбориш, мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, омодагӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳавӣ ва дигар масоил дар самти фаъолияти хизматӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






