Дар Хадамоти иҷро ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иди Наврӯзро ботантана ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар сатҳи баланди хештаншиносӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷро хабар доданд, дар ҷамъомад Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи бостонӣ самимона муборакбод намуданд.
Иброз гардид, ки мояи хушнудӣ ва сарфарозӣ аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни баробаршавии шабу рӯз, айёми киштукори баҳорӣ ва ташаббусҳои созанда мебошад.
Гуфта шуд, ки Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангӣ эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.
Таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Далели асосии умри дароз доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз менамояд ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.
Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.
Дар ҷамъомад ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева ҷоизаи байналмилалии «Қонди порсӣ» супурда шуд.
Иштирокчиён дар оростани дастархони наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманак, хони наврӯзӣ маҳорати хуб нишон доданд.
Ҳамзамон маҳфили шеъру суруд бо иштироки шоирону нависандагон ва ҳофизон барпо гардида, хотири иштирокчиёнро шод намуданд.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ






