Дар Мақомоти Ваколатдор масъалаи таҳияи нақшаи амал барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалисозии фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Артур ван Дизен вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи таҳияи нақшаи амал барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдаконро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Ваколатдор.
Зимни вохӯрӣ Умед Бобозода оид ба фаъолият ва ҳамкории самарабахш бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ибрози назар намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиаш дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак пайваста талош менамояд ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муассир мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз соли 2012 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воҳиди сохтории алоҳида – шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак ва соли 2016 вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, нақши Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар таҳкими он назаррас мебошад.
Артур ван Дизен ҳамкориро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муҳим арзёбӣ намуда, ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории миллӣ вобаста ба ҳифзи кӯдак, манъи зӯроварӣ нисбат ба кӯдак ва муроҷиати кӯдакро яке аз таҷрибаҳои муваффақона дар миқёси Осиёи Марказӣ номид.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими хизматрасониҳо ба ҷабрдидагони зӯроварӣ, баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба манъи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ҷамъоварии ахбору омор оид ба рушди кӯдак, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ (2024), амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти адлияи ноболиғон ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






