Дар моҳи март сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Март 1, 2024 14:26

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи марти соли 2024 ба ҳавои моҳи марти соли 2007 монанд мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 7+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 2+4 дараҷаро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориш — дар водиҳо асосан борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф, дар  баъзе ҳолатҳо бошиддат меборад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 8+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 4+7 дараҷаро ташкил медиҳад. Даҳаи аввали моҳ дар водиҳо ҳарорати рӯзонаи ҳаво 9+14 дараҷа гарм, шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ рӯзона 4+9 дараҷа гарм, шабона 2-7 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои боқимонда баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо рӯзона аз 12+17 то 20+25 ва шабона аз 2+7 то 8+13 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши зуд-зуд (дар водиҳо асосан борон) дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат мешавад. Рӯзҳои алоҳида раъду барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ дар охири даҳрӯзаи аввал ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз  меъёри иқлимӣ зиёд, дар баъзе ноҳияҳо ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 7+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 2 дараҷа хунук то 2 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар оғози даҳрӯзаи якуми моҳ дар водиҳо ҳарорати рӯзонаи ҳаво 6+11 дараҷа гарм, шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои боқимонда баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо рӯзона аз 10+15 то 16+21 дараҷа гарм ва шабона аз 0+5 то 3+8 дараҷа гарм  пешгӯӣ мешавад.

Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориш — дар водиҳо асосан борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф дар назар буда, баъзан бориши бошиддат ба амал меояд. Рӯзҳои алоҳида раъду барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона аз 2+7 то 9+14 дараҷа гарм ва шабона 3-8  дараҷа хунук мешавад. Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, зуд-зуд борону барфи  бошиддат меборад.

Дар Шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, 4-8 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво паст шуда, рӯзона 4-9 ва шабона аз 20-25 то 12-17 дараҷа хунук мешавад. Дар рӯзҳои боқимондаи моҳ ҳарорати рӯзонаи ҳаво баланд шуда, аз 0-5 дараҷа хунук то 3+8 дараҷа гарм, шабона аз 6-11 то 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Март 1, 2024 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Академик Баҳром Сироҷев бо медали соҳавии «Аълочии соҳаи энергетика» сарфароз гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти адлия ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар ноҳияи Данғара ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд
Дар Русия Форуми 3-юми рақамӣ оид ба соҳаи тандурустӣ доир шуд
Барои оилаҳои хонаҳояшон дар натиҷаи заминларза вайроншудаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дар мавзеъҳои амн қитъаи замин ҷудо карда мешавад
Соли 2025 барои занони ҳунарманди шаҳри Хуҷанд 40 грант ҷудо гардид
ЗАМИНЛАРЗА-ҲОДИСАИ НОГАҲОНӢ. Чанд тавсия вобаста ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми заминларза
Дар ноҳияи Данғара доир ба ҷарроҳии инноватсионӣ ҳамоиш доир гардид
АЗ ҲАЗОРОН КАЪБА ЯК ДИЛ БЕҲТАР АСТ. Соҳибкори ватанӣ маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашро барои бунёди кӯпрук сарф намуд
Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар шаҳри Турсунзода 4 ҳолати риоя накардани қонун ошкор карда шуд
Зарардидагони заминларзаи водии Рашт ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд