Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши гирандагони стипендии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳамоиш гирандагони стипендияи президентӣ аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ки соли 2023-2024 барои хонандагони ноҳия 16 квотаи президентӣ ҷудо шуда, аз он 8 духтари лаёқатманд сазовори номи донишҷӯ гардиданд.
Гуфта шуд, ки айни ҳол 30 гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 53 гирандаи стипендияи раиси ноҳияи Айнӣ, 21 гирандаи стипендияи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва 17 гирандаи стипендияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки таъсис ёфтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли ояндасози ҷумҳурӣ буда, барои ҳавасманд намудани насли ҷавон ҷиҳати ба таҳсилоти муносиб фаро гирифтани онҳо ва ташаккул додани маҳорат ва малакаю истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.
Дар фазои тантанавӣ шаҳодатнома ва маблағҳои ҷудогардида аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як гирандаи стипендияи президентӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш ба гирандагони стипендияи раиси ноҳия, бахши бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ шаҳодатнома ва маблағи пули супорида шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






