Дар нуқтаи ташхиси сифати ҳавои шаҳри Душанбе таҷҳизоти муосир насб гардид

Март 19, 2024 10:14

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуқтаи ташхиси сифати ҳавои шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар  намудани мушоҳидаи сифати ҳаво таҷҳизоти муосир насб гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Таҷҳизот дар чаҳорчӯбаи ҳамкории самарабахши Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти метеорологии Финляндия дар доираи лоиҳаи «FINTAJ» (зинаи 3-юм) дастрас ва аз ҷониби мутахассисон насб гардид.

Татбиқи ин тарҳ имконият фароҳам меорад, ки минбаъд тамоми дастгоҳҳои ташхиси сифати ҳаво барои шаҳри Душанбе дар ҳамин нуқта ба меъёр дароварда шаванд.

Масъалаи мониторинги сифати ҳаво дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ қарор дошта, дар ин замина корҳои беҳтаркунии вазъи техникии нуқтаҳои мушоҳидавӣ пайваста амалӣ мегарданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 19, 2024 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид