Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид

Март 23, 2024 17:42

ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об 2024: муттаҳид сохтани талошҳо, нигоҳ доштани суръати пешравиҳо» дар Ню-Йорк вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (UNDESA) Ли Ҷунхуа баргузор гашт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба обу иқлим, аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе ва инчунин иқдомҳои муштарак дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати ҷоннок намудани абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва густариши фаъолиятҳо дар масоили марбут ба обу иқлим таъкид гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин ҷузъиёти тадорукотии 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (10-13 июни 2024, Душанбе) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Ли Ҷунхуа аз ҳамкории тулонии муваффақ бо Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, омодагии ниҳоди худро барои идомаи ин равобит таъкид намуд.

АКС:  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 23, 2024 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд