Дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ дар заминаи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрӣ доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар ҷамъомад сардори Сарраёсати Вазорати молия Ҳабибулло Иззатуллозода ва нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Манучеҳр Қурбонзода оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ва корҳои анҷомдода баҳри мубориза бо коррупсия, роҳҳои пешгирии он ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои ҷаҳон дар ин самт, оид ба дастоварду пешравиҳое, ки дар замони соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик ба онҳо ноил гардид, сухан намуданд.
Гуфта шуд, ки тамоми муваффақият ва пешравиҳои ҷумҳурӣ ба хизмату талошҳои пайгиронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад.
Манучеҳр Қурбонзода вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ иброз дошт, ки фасодзадагиву порахӯрӣ на танҳо ба пешрафти давлат зарар дорад, балки яке аз роҳу воситаи нақзи хуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад.
Гарчанде ки ин амалҳои зишти инсонӣ, яъне коррупсия ба ҷамъият ва давлат таъсири манфӣ мерасонанд, мутаассифона, баъзе шахсони мансабдори давлатӣ ва шаҳрвандони одӣ фикри ояндаи давлат ва миллатро накарда, даст ба чунин амалҳои номатлуб мезананд.
Даст задани кормандони давлатӣ ба омилҳои нангини коррупсионӣ ба имиҷи давлат низ зарба зада, боварии мардуми осоиштаро ба фардои дурахшон коста мегардонад.
Дар фарҷом сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъкид намуд, ки дар ҳама сохторҳои соҳа вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуби коррупсионӣ тадбирҳои мушаххас андешида, бо шахсони мутасаддии мақомот баҳри иҷрои бандҳои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамеша кор баранд.
АКС: Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






