Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт

Март 21, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 21.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар доираи таҷлил Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд, дар деҳаи Имоми Аъзами Ҷамоати деҳоти Қаратоғ бо иштироки роҳбарияти шаҳр «Наврӯзгоҳ» ифтитоҳ гардид.

Дар ҳамин ҷо сокинон бо оростани дастархони наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманаку хони наврӯзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумию мусобиқаҳои миллӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз маҳсуб шуда, мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода низ дар пойдории рукнҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои неки наврӯзӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамчунин дар доираи тадбирҳои созандагӣ дар маҳаллаи 4-ум бо иштироки роҳбарияти шаҳри Турсунзода толори варзишии «Шербача» ва Ҷамъияти дорои масъулити маҳдуди «Нури Маҳмуд» ба истифода дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки толори варзишии «Шербача» барои машқи намуди варзиши олимпӣ Таэквондо ВТФ ва тамрини занону духтарон пешбинӣ шуда, бо ибтикори соҳибкор ва мураббии гурӯҳи Таэквондо ВТФ Ҷамшед Сайфиддинов бунёд гардидааст.


Толор дорои шароити мусоид ва таҷҳизоти муосири тамринӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки Ҷамъияти дорои масъулити маҳдуди «Нури Маҳмуд» хизматрасониро дар самти маҳси кӯдаконаву занона пешниҳод менамояд. Дар дохили бинои ҷамъият ҳаммоми занона бо шароити буғи тару хушк ва ҳавзи оббозӣ ташкил карда шудааст ва ба ҳифзи саломатии занону кудакон созгор аст.

Инчунин дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ба 410 оилаи камбизоат ва табақаи ниёзманд кумаки моддӣ расонида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 21, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад