ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд

Март 26, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Сирдарёи маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони Сарраёсати ободонӣ ва касбу кори гуногун беш аз 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ мутобиқ ба талаботи меъёрҳои агротехникӣ шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  шинонида шуданд.

Раиси вилоят Суғд  ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини дахлдор оид ба сабзазоркунӣ, шинонидани ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз, оғози гулзоркунии  кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба шарафи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва тақвияти корҳо дар ин самт супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 26, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд