ДАСТОВАРДҲОИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад

Март 11, 2024 10:42

ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 март дар шаҳри Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад.  Дар ин хусус сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев иттилоъ дод.

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳои матбуоти тоҷик дар даврони истиқлолият» конференсия баргузор мегардад.

Сипас соати 16:00 дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт 112 – солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.

Зимни баргузории маросими Рӯзи матбуот ба рӯзноманигорон Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, унвонҳои Аълочии матбуоту фарҳанг, сипосномаву ифтихорномаҳо аз вазорату идораҳо тақдим мегарданд. Ҳамзамон барномаи фарҳангӣ доир мешавад.

Устод Садриддин Айнӣ дар робита ба аввалин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» иброз доштааст, ки ««Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».

Ҳамчунин ин рӯзнома ба вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт. Вале, ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард ва баъди нашри шумораи 153-юм- 2 январи соли 1913 баста шуд.

«Бухорои Шариф» чун нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо фаъолияти кӯтоҳ, вале пурсамараш ба сиёсату иҷтимоиёти замон ва афкору ҷаҳонбинии мардум таъсиру такони бузург бахшид.

Ҳамчунин он сарчашмаи огаҳию маърифат ва муаррифи миллат буда, дар ҳаёту зиндагӣ ва тақдири халқу давлатҳо нақши муҳим мебозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро сипари давлат арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки «манфиатҳои миллӣ тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».

Дар ҳақиқат имрӯз таъмини амнияти иттилоотӣ аз масъалаҳои ҷиддие маҳсуб мешавад, ки нақши расонаҳо дар он хеле муҳим аст. Манфиатҳои миллии мо тақозо менамоянд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз ин таҳдидҳо бояд дар сафи аввали мубориза бошанд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар дили мардум ва ба ин васила дастгирии рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон аз вазифаҳои дигаре аст, ки воситаҳои ахбори омма дар асри ҷаҳонишавӣ бар дӯш доранд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 11, 2024 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд