Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд

Март 23, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланд зери унвони «Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об 2024: муттаҳид сохтани талошҳо, нигоҳ доштани суръати пешравиҳо» дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУСММ) Деннис Фрэнсис баргузор гашт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни дидор ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи авлавиятҳои асосии раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУСММ), масоили марбут ба обу иқлим, амнияти байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи баланди дарпешистода табодули афкор намуданд.

Масъалаи баргузории 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (10-13 июни 2024, Душанбе), ҳамчунин дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор доштанд. Инчунин, вазири корҳои хориҷӣ аз ҷаноби Деннис Фрэнсис барои ширкат дар 3-юмин Конфронси оби Душанбе даъват ба амал овард.

Раиси иҷлосияи 78-уми МУСММ саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуда, миннатдории хешро барои баргузории ҷорабинии мазкур ва даъват барои иштирок дар Конфронси оби Душанбе баён намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 23, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд