ФУТБОЛ. Манучеҳр Ҷалилов дубора ба майдон баргашт
ДУШАНБЕ, 12.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Беҳтарин нишонзани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов дубора ба майдони футбол баргашт. Манучеҳр Ҷалилов бо сабаби беморӣ як муддат аз майдонҳои сабзи футбол дур шуда буд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манучеҳр Ҷалилов дар бозии дӯстона байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Спартак-2»-и шаҳри Москва ба майдон баромад.
Ёдовар мешавем, ки бори охир Манучеҳр Ҷалилови 33-сола моҳи июни соли 2023 дар бозии расмӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон (1:5) дар чаҳорчӯби Ҷоми CAFA ба майдон баромада буд.
Моҳи феврал ин бозигари шинохта ба феҳрасти бозигарони «Истиқлол», ки ба ҷамъомади тамринии Туркия рафта буданд, ворид шуд.
Манучеҳр Ҷалилов бо 20 гол беҳтарин нишонзани дастаи миллии Тоҷикистон мебошад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






