ФУТБОЛ. Қуръапартоии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2024 баргузор гардид

Март 9, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими қуръапартоии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2024 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мавсими 33-юми чемпионати Тоҷикистон 12 даста иштирок менамояд — «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Вахш» (Бохтар), «Куктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунода), «Барқчӣ» (Ҳисор) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ).

Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон 6 апрел оғоз ёфта, дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар натиҷаи бозиҳои 22 давр дастаи зинаи охирин ба Лигаи якум мефарояд, чемпиони Лигаи якум мустақиман ба Лигаи олӣ роҳхат пайдо мекунад. Дастаи зинаи 11-уми Лигаи олӣ бо барандаи медалҳои нуқраи Лигаи якум ду бозии гузаришӣ анҷом медиҳад.

Вобаста ба рақамҳои тартибие, ки собиқадорони футболи тоҷик Суҳроб Ҳамидов ва Искандар Ҷалилов дар қуръакашӣ гирифтанд, тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

Мувофиқи низоми Бергер, дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳо ба таври зайл байни ҳам бозӣ менамоянд:

«Хуҷанд» – «Эсхата»

«Ҳосилот» – «Куктош»

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»

«Истиқлол» – «Истаравшан»

«Барқчӣ» – «Равшан»

«Панҷшер» – КМВА

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 9, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд