ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом дод

Март 7, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /НИАТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 рақобатҳои санҷишии навбатиро баргузор намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Футзалбозони Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд бо тими миллии Узбекистон ду бозии дӯстона анҷом доданд. Ҳар ду бозӣ ба фоидаи мизбонон бо ҳисобҳои 5:2 ва 3:2 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал қаблан бо тимҳои миллии Кувайт (3:3, 2:4) ва Арабистони Саудӣ (1:2, 2:4) ҳам бозиҳои рафиқона баргузор намуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал, ки аз 17 то 28 апрел дар Тайланд баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) неру месанҷад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 7, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд