«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

Март 26, 2024 16:20

ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин бори дигар хиради воло, таҳлили амиқ ва назари неки Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи шинохти дини мубини Ислом чун  дини инсонпарвар ва ҷудо намудани хурофот, ҷоҳилият, таълимоти экстремистӣ ва террористӣ аз таълимоти динӣ ва ҷилавгирӣ аз бегонапарастиву фарҳанги бегона ба ҳозирин нишон дод.  Дар ин хусус иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Иматшозода андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» иброз намуд. 

— Сарвари давлат дар ибтидои мулоқот як нуктаи муҳимро баён намуданд, ки гузаштагони мо барои рушду нумуъ ва пешрафти дини мубини Ислом саҳми боризеро аз худ ба ҷой гузоштаанд ва Имоми Аъзам Абуҳанифа ибни Нуъмон ибни Собит- пешвои яке аз мазҳабҳои калони дини Ислом аз аҳли миллати тоҷик буданд. Ҳамчунин Имом Бухорӣ, Имом Ғазолӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав ва чандин нафарони дигар аз аҳли миллати мо буданд, ки соҳиби тафсир ва баёнкунандаи каломи Илоҳӣ ва назари мантиқии худ барои башарият гардидаанд. Бузургворе дар бораи аҳамияти китоби «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ нек фармудааст:

«Маснавии маънавӣ»— и Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

«Аммо боиси таассуф аст, ки бо ин ҳама таъриху фарҳанг ва гузаштаи бою пурғановатамон насли имрӯзаи мо аз ҳақиқати асли дину ақидаи гузаштагонамон дурӣ намуда, ба зоҳирпарастӣ, таассуб ва хурофоту бегонапарастӣ рӯй ниҳодааст», — иброз намуданд дар идомаи суханрониҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд, ки мутаассифона, қисмате аз ходимони дин ба ҷойи он ки худашон намунаи ибрат дар ахлоқ ва амал ба дигарон бошанд, баръакс бо гурӯҳҳои ифротгаро ҳамдаст шуда, даст ба ҷиноят мезананд, ки ин амалҳои нангини онҳо ба шаъну шарафи миллати мо хос нестанд, инчунин дину диёнатро доғдор менамоянд ва аз ҷиҳати эътиқод низ дар байни омма таъсири манфӣ ба бор меоваранд.

Сарвари давлат ҳамзамон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки хурофот ва ҷоҳилии иддае аз нафарон боиси он гардидааст, ки муллоҳо ва нафарони камсаводе, ки ба табобати ғайриқонунӣ сару кор доштанд, аз ноогоҳии шаҳрвандон истифода бурда, онҳоро ба ҳар намуд истифода менамуданд. Нӯшидани оби дасти як идда муллоҳои бесавод, саҷда кардан ба онҳо, пойандоз андохтан дар сари роҳи мошини онҳо ва дигар амалҳои хурофотие, ки аз тарафи қисмате аз шаҳрвандони мамлакат барои чанд нафар ашхосе, ки худро «мулло» ва ё «табиб» гуфта, аз боварҳои содалавҳонаи мардум истифода менамуданд, на танҳо асоси илмӣ надоранд, балки ба ягон дину эътиқод амалан баробар намеоянд. Инчунин  изҳори ташвиши амиқи худро аз он баён намуданд, ки наздик ба чанд ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон фирефтаи боварҳои миссионерҳо ва таблиғкунандагони гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ гардида, дар чанд соли охир 24 нафари онҳо ба ҳайси худкуш худро ба ҳалокат расонданд, ки аз назари эътиқодмандии мусулмонӣ ин амалҳои онҳо ба таълимоти дини мо, мусулмонон мувофиқат намекунад.

Гузашта аз ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро ба он ҷалб намуданд, ки қисмате аз мардуми мамлакати мо ноогоҳона ҳаҷ ё зиёрати Каъба, ки ҳатто Паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад(с) давоми рисолаташон як бор намуда буданд, аммо мардуми мо онро ба чандин бор оварда расонидаанд, менамоянд, ки ин бар хилофи талаботи зарурати мусулмонӣ мебошад.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки хизмати падару модар, дасти кумак ба наздикону ҳамсоягон, сохтмони кӯпрук ва роҳҳо, бунёди боғҳо ва мактабҳо амалҳои неке мебошанд, ки дар таъбир ва тафсири аксарият аз мазҳабҳои аҳли Ислом савоби онро аз ҳаҷи умра болотар медонанд.

Мо, сокинони мамлакат бояд ин даъватҳои хирадмандонаи роҳбари оқил ва Пешвои муаззами миллататамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагии ҳаррӯза қарор диҳем, зеро гузаштагони мо низ ба мо чунин таъкид намуда буданд. Ба ин маъно шоири ширинбаён ва орифи солеҳ Абусайиди Абулхайр бамаврид фармуда аст:

Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Каъба бунёди Халили Озар аст,
Дил гузаргоҳи Ҷалили акбар аст!

Дар тақвияти суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанием, ки мардуми фарҳангсолори мо ҳақиқати ҳаётро ҷузъи имон ва бовари худ медонистанд ва таҷрибаи ҳаёт, ки ба қавли устод А. Рӯдакӣ зиндагонӣ худ бузургтарин донишгоҳи ҳар замон аст, моро вазифадор менамояд, ки ба чашми ҳақиқат ба зиндагӣ нигарем. Ончуноне, ки бузургворе аз аҳли миллати мо фармудаанд: «Каъба чӣ меравӣ, дилеро дарёб!».

Ҳамчунон гузаштагони мо шод намудани дили як шахс, сила намудани сари кӯдаки ятимеро аз иҷрои заруриёти бунëдии мусулмонӣ фаҳмида, ба он афзалият медоданд. Ба қавли Шайх Аттори Нишопурӣ :

Ҳарки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро!

Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Ман аввал тоҷикам, баъдан мусулмон ҳастам»!!! Офарину сад таҳсин ба Роҳбари ватанпараст ва миллатдӯсти мо, ки дар баробари бунёди чандин масҷиду ҷамоатхонаву ибодатгоҳҳо ва шароит муҳайё намудан барои тоату ибодат барои шаҳрвандони мамлакат боз ҳам ҳадиси шарифе аз Паёмбари гиромиамон(с): «Ҳубби Ватан ҷузви имондорӣ»-ро дар саргаҳи зиндагонии ҳаррӯзаи худ қарор додаанд!

Дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷилавгирӣ аз либосҳои ғайримиллӣ ва бегона аз тарафи баъзе занон лоиқи дастгирӣ мебошад ва моро водор менамояд, ки маҷмуан аз фарҳанги либос ва расму фарҳанги мардумамон бо диди миллиамон андеша намоем. Хуб мешавад, ки барои дур шудани шаҳрвандони мо аз тақлиди ноогоҳона аз фарҳанги бегона консепсияи миллӣ-фарҳангии хештаншиносии шаҳрвандӣ таҳия карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин  мулоқоти хосса ва пур аз ҳикмату хирадмандӣ ва дурнамои асосӣ барои ҷилавгирӣ аз хурофот ва бегонапарастӣ буда, он шаҳрвандони мамлакатро водор менамояд, ки барои ҳифзи фарҳанги ҳазорсолаи мо ва нигаҳдории марзу буми аҷдодиамон талош намуда, Ватани ягонаамон- Тоҷикистони соҳибистиқлолро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Март 26, 2024 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШНИҲОД БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ҶАҲОН. Дар ҳошияи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон дар СММ
«ПЕШАИ ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАСТАРИН КАСБИ РӮИ ОЛАМ АСТ». Иқтибос аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОН- ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
«БИШНИД ҶАҲОН ЗАБОНИ ТОҶИКИРО…». Эҳдо ба бузургдошти забони тоҷикӣ ва ҳомии он- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ДАВЛАТМЕҲВАРИ ЗАМОН ВА ҲОМИИ СУЛҲИ ҶАҲОН
Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сермаъноии калимаҳо байни забонҳои дунё мақоми аввалро соҳиб аст. Бардошт аз ҳамоиши «Забон ва Истиқлол»
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст
Дар Нуробод 348 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, майдони кишти ғалладона ва лубиёгиҳо кам гардидааст
ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМИИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ. Забони тоҷикӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати миллат ба шумор меравад
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Дар «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад