МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Нӯшидани чойи кабуд барои бемории дилу рагҳо, санги гурда, саратон ва қанд манфиат дорад

Март 3, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 03.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чой як навъ бутта ё дарахти хурди ҳамешасабз мебошад, ки барги онро махсус хушконида, дар оби ҷӯш дам дода,  менӯшанд. Табибон тавсия медиҳанд, ки нӯшидани чойи кабуд  ба табобати касалиҳои дилу рагҳо, милки дандон, санги гурда, саратон, касалиҳои чашм ва қанд ёрӣ мерасонад.

Дарахти парваришнамудаи чой то 1,5 метр қад кашида, баргаш дарозрӯя, гулаш  сафед ё гулобии  хушбӯй мебошад. Дарахти худрӯи чой то 10—15 метр қад кашида, дар ҷангалзори Ассами Ҳиндустон ва ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҳинду Чин мерӯяд. Ноҳияҳои бешазори Ассам, Бирма, Юннан, Чин ва Ветнами Шимолиро ватани чой меҳисобанд. Чойро дар Чин 2500 сол пеш то мелод чун растании доруӣ мепарвариданд. Аз ин рӯ ватани чой давлати Чин дониста мешавад.

Португалиҳо дар асрҳои 15—17 аз Осиёи Шарқӣ чойро ҳамчун дору ба минтақаи Аврупо оварданд. Сипас он яке аз нӯшиданиҳои маъмулӣ гардид. Дар Осиёи Миёна чой охири асри 19 пайдо шудааст.

Ба андешаи мутахассисон,  дар дунё  1,5 млн гектар чойзор мавҷуд аст, ки аз онҳо соле 1,5 млн тонна чойи хушк ҷамъоварӣ мешавад. Дар Ҳиндустон дар як сол то 500 ҳазор тонна, Шри Ланка 215 ҳазор тонна, Чин  200 ҳазор тонна ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 72 ҳазор тонна чой истеҳсол мешавад.

Беш аз 90 дарсади чой дастӣ ҷамъоварӣ мегардад. Ҳоло қариб 50 намуд чой истеҳсол мешавад, аз ҷумла сиёҳ, кабуд, сафед, арғувонӣ ва ғайра. Чой аслан растании ноҳияҳои тропикӣ ва субтропӣ мебошад.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи кишоварзии мамлакат, солҳои 1934- 1935 дар замони Шӯравӣ ин зироати субтропикӣ ва тропикӣ барои кишт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буд. Натиҷаи таҳқиқот муайян намуд, ки иқлими Тоҷикистон барои кишти растании чой мутобиқ нест, зеро чой намнокии зиёд талаб менамояд ва иқлими Тоҷикистон гарм аст.

Дар садсолаи охир баъди он ки мутахассисон ба таври илмӣ ба саломатӣ фоида доштани чойро исбот намуданд, талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид. Чой нӯшокии аз ҳама зиёд истеъмолшаванда дар ҷаҳон буда, аксаран 2 намуди он: чойи сиёҳ ва кабуд бештар маъмул мебошад. Ин ду намуди чой аз як растанӣ тайёр шуда, танҳо аз рӯйи муҳлати коркард фарқ мекунанд.

Абӯрайҳони Берунӣ гуфтааст: «Чойро бурида, дар зарфҳо  мехушконанд ва гоҳи зарурӣ аз он бо оби ҷӯш нӯшиданӣ тайёр мекунанд, ки табшикан ва софгари хун буда, инчунин зарари майро бартараф менамояд».

Чойе, ки мо менӯшем, моддаҳои даббоғӣ, витаминҳо, алкалоидҳо, кофеин ва ғайраҳо дорад. Инчунин равғани эфир барин моддаҳои муфид дорад. Он хусусияти зиддимикробӣ дошта, барои аз организм хориҷ шудани моддаи радиоактивии стронсий мусоидат менамояд. Чой,  алалхусус чойи кабуд нӯшокии қувватбахш ва ташнагишикан аст. Дар як истакон чой 0,02—0,1 г кофеин вобаста ба навъҳои гуногуни чой мавҷуд аст. Кофеин ангезандаи пурзӯри асаб аст. Онро дар тиб ба шахсони хаставу заиф ва камқувват  тавсия медиҳанд.

Чойи талх, махсусан чойи сиёҳ ба шахсоне, ки гирифтори бехобӣ, ғалаёни хун-гипертония, бемориҳои дил, захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта мебошанд, зарар дорад.

Бояд гуфт, ки чой барои мардуми тоҷик нӯшидании муқаррарӣ ва анъанавӣ аст. Ҳоло дар Тоҷикистон дар баробари чои сиёҳ чойи кабуд шўҳрат пайдо карда, нӯшокии миллии мо шудааст. Чойи кабуд аз кофеин ва полифенолҳо бой аст. Дар таркиби чойи кабуд боз микроэлеметҳои дигар, ба монанди каротиноид, токоферол, кислотаи аскорбинӣ (ё витамини С), хром, марганетс, селен ва тсинк мавҷуд мебошанд. Агар шумо таъми асили полифенолҳо ва антиоксидантҳои шифобахшро чашиданӣ бошед, пас чойи 2-3 моҳ қабл истеҳсолшударо ҷустуҷӯ намоед. Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки беҳтарин вақти чидан ва ҷамъ кардани чойи кабуд моҳҳои апрел ва май аст. Ба гуфтаи мутахассисон, чойи дар тобистони гармо чидашуда пастсифат мебошад. Чойи кабуди кӯҳнашуда чандон муфид нест ва он таъми хуш дода  наметавонад. Барои муайян намудани он қуттии  чойро ба даст гирифта, афшонед. Ҳар қадаре, ки чанг бисёр резад, ҳамон қадар чой кӯҳнашуда асту сифаташ паст мебошад. Чойи кабуди тоза сифаташро танҳо давоми 12 моҳ нигоҳ дошта метавонад.

Аз ҳама навъҳои аълосифати чои кабуд- ин чойи талхча ва чойи аз баландкӯҳҳо чидашуда мебошад. Чойи кабуд бояд ранги зумуррад ё  зумурради паст дошта бошад. Агар чои хушк тобиши зард ва ё қаҳваранг дошта бошад, пас вай кӯҳнашуда аст. Барои он ки чойи кӯҳна намуди чойи навро гирад, баъзе истеҳсолкунандагон баргакҳои чойро ранг мекунанд. Аммо шумо метавонед ин ҳилларо ба зудӣ ошкор намоед.  Барои муайян кардани он санҷиши одӣ гузаронед:  ба чой пораи қоғази сафедро партоед. Агар қоғаз ранги сабзро гирад, маълум мешавад, ки ин чой рангкардашуда аст. Агар чой дорои сифати баланд бошад, пораи қоғази таркардашуда хеҷ гоҳ ранги сабзро ба худ намегирад.

Тавсияи дигар он аст, ки зимни дам намудани чой беҳтар мешуд чойникҳо тасфон бошанд.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 3, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи кор бо занон ва оила бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ мегузаронад
Имсол дар 36065 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Агентии хизмати давлатӣ: «Қисми зиёди камбудиҳои ошкоршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бартараф гардиданд»
Истиқлоли давлатӣ — волотарин дастоварди миллати тоҷик
Маркази миллии қонунгузорӣ: «Дар шаш моҳи соли равон 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд»
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон чор Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиётӣ амалӣ мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад